Васфи шукр то ба чанд аз тӯтӣон бояд шунид ?
Ҳарфи талхии ҳам аз он ширини забон бояд шунид
Саҳл бошад , нӯшханди гул талофӣ ме кунад
Сад ҷавоби талх агар аз боғбон бояд шунид
Гӯши зоҳир кӣ ба дод безабонон мерасад ?
Нолаи мо нотавононро бҷон бояд шунид
Дӯстонро дидаҳои айби байн пӯшида аст
Айби худро аз забони душманон бояд шунид
эй ки май нозӣ ба тир бе ?хитои хештан
Нола аз пушти камони пеш аз нишон бояд шунид
Дар ғарибӣ май намояди хешро фикри ғариб
Буии гулро дар буруни гулистон бояд шунид
эй ки хӯн дар пайкарат аз биғмӣ афсурда аст
Нолае аз соиби оташи забон бояд шунид