Сӯхтам аз шавқ , ёрони роҳи ҳарфӣ во кунед
Номае иншо кунеду қосидӣ пайдо кунед
Аз ҷудои дасту калаки ман наме часбад ба ҳам
Аз забони хомаи ман номае иншо кунед
Кӯчаи неи шоҳроҳи корвон шуъла нест
Хомае омода аз мижгон хўнполо кунед
Гарчи аз гуфтори дардолӯди ман хӯн ме чакад
Ҳамчунон бо хӯни дили мактуби ман имло кунед
Гар зрўии сафҳаи хотири навиштан мушкил аст
Нусхае аз синаи сад пораи ман во кунед
Ҳаст то аз ман асар шояд ки дарёбад маро
Дарди ман хотири нишони ёр бепарво кунед
Шавқ бе поёни ман ҳар чанд бешаст аз шумор
Сбҳаҳ аз реги равону қатра дарё кунед
Гарчи медонам ҷавоби номаи ғайр аз ҷанг нест
Розӣам , тақрйви баҳри ҷанг ӯ пайдо кунед
Гарчи медонам ки нанависад ҷавоб нома ам
Аз забон ӯ тасаллии номае иншо кунед
Корвони ашки ман соиб намедонад мақом
Мушти хокамро рафиқи он ҷаҳон паймо кунед