Дида аз айби касон дар хоб чун махмал кунед
Чун расад навбат ба айби худ , назар аҳвал кунед
Боиси рангинии девон маҳшар ме шавад
Чеҳра аз ашки пушаймонӣ агар ҷадвал кунед
Қомати хам чун маи нав дар камӣни пас хам аст
Зӯдтари ойӣнаи торики худ сайқал кунед
Пардаи зулмат ба қадар равшанӣ гардад зиёд
Олимӣ бар худ чаро торик аз машъал кунед ?
То буд дил дар даруни сина битобӣ баҷост
Ин сапанди шӯхро беруни азин минқал кунед
Кӯтаҳ андешӣаст дидани аввал ҳар кор ро
Дар моли корҳо андеша аз аввал кунед
Дардисар бисёр дорад поси дилҳо доштан
Шонаи он зулфро зинҳор аз сандал кунед
Машриқи хуршед тобон мешавад соиб чу субҳ
Синаи худро ба нури сидқ агар сайқал кунед