Хуш баҳорӣ мерасад майхонаҳо сомон кунед

Барги айши омодаи баҳри ҷашн гулрезон кунед

Фасли гул дар хона бӯдани умри зойеъ кардан аст

Бо ҳарифони мувофиқ рӯй дар бустон кунед

Аз ҳавоитар ҷаҳони дарёӣ раҳмат гашта аст

Киштӣ майро дарин дарёи сабк ҷавлон кунед

Дафтари айшу нишот аз икдгр пошида аст

Мунтазами ин нусхаро аз ришта борон кунед

Синаҳоро бодаи гулгун гулистон ме кунад

Дидаро аз дидан гулҳо нгорстон кунед

Пилаи мизони рӯзу шаб баробар гашта аст

Рӯзу шабро дар нишоту хуррамӣ яксон кунед

Гардиши паргорро як нуқтаи болу пар бас аст

Ҳаст то дар ҷому минои қатрае , тӯфон кунед

Лангари тамкин муносиб нест дар ҷӯши баҳор

Кӯҳро , ҳам сайр бо абри сабк ҷавлон кунед

Синаро дарё кунед аз абри дасти соқён

Дастҳоро аз қадаҳи сари панҷа марҷон кунед

То науфтодааст боди навбаҳорон аз нафас

Ғунчае гар ҳаст дар хотири гиреҳ , хандон кунед

Ҷӯши гули девор ва дарро дар самоъ оварда аст

Кам наед аз мушти гул , рақсии дарин бустон кунед

Абрҳои тираро сайқали шароб равшан аст

Чораи ин зулмат аз сарчашма ҳайвон кунед

Базмро пуршӯр агар хоҳед ва дилҳоро кабоб

Калаки соибро ба таҳсинии сабк ҷавлон кунед