Бе касеро каъба мақсӯд медонем мо

Хизрро шамшер заҳролӯд медонем мо

Ҳастӣ мутлақ буд аз худнамое бе ниёз

Ҳар чаҳ ояд дар назар нобӯд медонем мо

Нест моро ваҳшатӣ аз баргрезони ҳавос

Ин зиёнҳоро саросар суд медонем мо

Бори миннати барнамеи тобади дили озодагон

Тарки эҳсонро зи мардум ҷӯ медонем мо

Офтобу моҳро бо он зёу равшанӣ

Дидаҳои шер хашм олуд медонем мо

Ҳақ ба дасти мостгар чашм аз ҷаҳон пӯшида ем

Осмонро хона пурдӯд медонем мо

Шӯриши Маҳмӯд , оламро агар бар ҳам занад

Аз Аёзи оқибат Маҳмӯд медонем мо

Бо дил беорзӯӣ хеш мебозем ишқ

Рутбаи ин оташ бедӯд медонем мо

Барнаме дорад ръўнти хотири озодагон

Сарвро шамшер заҳролӯд медонем мо

Ҳалқа дар аз дарун хона бошад бе хабар

Дидаҳои бозро масдӯд медонем мо

Даъвӣ ҳастӣ дарин майдони далел нестӣ аст

Ҳар ки фонӣ мешавад мавҷӯд медонем мо

Дар шабистони ризои теғи забон шиква нест

Шамъи ноҳақи куштаро хушнӯд медонем мо

Дар дил ҳар кас ки соиби оҳ дардолӯд нест

Бетакаллуф , миҷмар беавд медонем мо