Ҷон ба лаб дорем ва ҳамчун субҳ хандонем мо

Дасту теғи ишқро захм намоёнем мо

наме тавон аз шамъи мо гули чид дар саҳрои қудс

Зери гардун чун чароғ зер домонем мо

Бар бисоти бӯрёи сайри ду олам ме кунем

Бо вуҷӯди неи саворӣ барқ ҷавлонем мо

Ҳосил мо нест ғайр аз хорхори ҷустуҷӯ

Гирдбоди доман саҳроӣ имконем мо

Аз сиёҳии доғи мо ҳаргиз намеояд бурун

Дар саводи офариниш об ҳайвонем мо

Пушт чун ойӣна бар девор ҳайрат дода ем

Волаи хору гули ин боғ ва бустонем мо

Ваҳшии дороломони гӯша танҳоӣ ем

Дашти дашт аз сояи мардуми гризоними мо

Давлати бедор , гирди ҷилваи шбрнги мост

Аз сафои синаи субҳи покдомоними мо

Гарчи дар зоҳири либоси мост аз зангори ғам

Аз тараб чун пистаи зер пӯст хандонем мо

Аз шабихуни хумори субҳдам осӯда ем

Мастии дунболаи дори чашми хўбоними мо

Олимӣ бе захми хор аз буии мо осӯда анд

Дар суфоли олами хокӣ чу райҳонем мо

Хирқа аз мо месетанд нофаи мишкӣни нафас

Аз ҳаводорони он зулф парешонем мо

Чашми мо чун зоҳидӣ бар мива фирдавс нест

Ташнаи бӯе азон себ занхдонем мо

Машриқи хуршеду маро гул ба равзан ме занем

Аз назарбозони он чок гиребонем мо

Гарчи дар назми ҷаҳон корӣ намеояд зи мо

Аз ҳадиси рост , сарв ин хиёбонем мо

Зинда аз мо мешавад номи бузургони ҷаҳон

Ин риёз бебақоро об ҳайвонем мо

Ҳар ки бо мо мекунад некӣ , наме пошади зи ҳам

Риштаи шероза авроқ эҳсонем мо

Рӯзии моро з хон сайр чашмӣ дода анд

Бениёз аз нози неъмат ҳои алвонем мо

Соҳиби номанд аз мо олам ва мо тираи рӯз

Чун нигин дар ҳалқа гардун гардонем мо

Ҳалқаи чашми ғизолони ҳалқаи занҷири мост

Доим аз роҳи назари дарбанд ва зиндонем мо

Гар чароғи базм олам нест соиби калаки мо

Чун зи бахти тираи доим дар шабистонем мо ?