Насими навбаҳорон бар димоғам бор ме гардад
Гул бехор дар пероҳани ман хор ме гардад
Тан хокӣ нагирад пеши роҳи покдомонон
Ки дар бар рӯй Юсуфи боз аз девор ме гардад
Наад эҳсони соқии тоҷи лаъл аз бодааш бар сар
Сари ҳаркас ки дар майхона бедастор ме гардад
Чунон тарсидааст ойӣнаам аз партави миннат
Ки аз сайқали ҷаҳон бар дидаи ман тор ме гардад
зи сахтиҳои даврон мешавад душворҳо осон
Мусаввири сӯрати ширини дарин кҳсор ме гардад
Набошад дар ҷигари оби муруввати баҳрро , варна
Чу гавҳари ҷоми мо аз қатрае саршор ме гардад
Надорад бо замини гирон ғифлат гуфт вгўи судӣ
Раҳи хобида кӣ зи овози по бедор мегардад ?
Нагардонанд аз санги маломати рӯи худоҷӯён
Ки чун сайлоб сангин шуд сабк рафтор ме гардад
Дуруштиҳои раҳро узрхоҳӣ нест чун манзил
Агар мурдан набошад зиндагӣ душвор ме гардад
Дар айёми куҳансолии зи дунёи рӯ ба уқбо кун
Ки меуфтад ба ҳрсўи моили ин девор ме гардад
з беоромӣ аз нақши муроди афтодае ғофил
Чу шуд устодаи оби ойӣна гулзор ме гардад
Дар пӯшидаи сад раҳ шавад меҳмони ғайбӣ ро
Гарони хобии ҳиҷоби давлат бедор ме гардад
Дили равшани зи ҳарфу савт ҳайҳот аст бигушоед
Бар ин ойӣнаи акси тӯтӣон зангор ме гардад
Чаро андешам аз захми забони носеҳони соиб ?
Ки савҳон аз дуруштиҳои ман ҳамвор ме гардад