Сухансанҷӣ саромад дар фан гуфтор ме гардад

Ки чун паргори гирди нуқтае садбор ме гардад

Надорад ҳамчуи ман девонае домони ин саҳро

Ки кӯҳ аз нолаам Кебеки сабк рафтор ме гардад

Ҳазар кун зинҳор аз иттифоқи душмани оҷиз

Ки чун пайваста гардад мӯр бо ҳам мор ме гардад

Надорад дар ҷигари оби муруввати абри дарёи дил

Вагарнаи зарфи мо аз қатрае саршор ме гардад

Ҳубоб аз тарки сар дар як нафаси дарёӣ гавҳар шуд

Хушо мастӣ ки дар майхона бедастор ме гардад

Намонад аз дарду доғи ишқи оҳам дар ҷигари соиб

Насим аз ҷӯши гули беруни ин гулзор ме гардад