Дили сад пора зон гирд меглФом ме гардад
Ки ин авроқро шерозаи хат ҷом ме гардад
Надорад дили қарор аз гардиши гардун , чаҳ давраст ин
Ки Тифл аз ҷунбиши гаҳвора беором ме гардад
Дарин маҳфил ки соф аз дарду дард аз соф ме ҷӯшад
Сафоӣ вақт дорад ҳар ки дард ошом ме гардад
Кадомин мурғи зиракро қазо дар дом май орад ?
Ки ашки шодеи баргарди чашм дом ме гардад
Ғизоли шаҳрии ман сояро сайёд ме донад
Вагарнаи оҳӯии ваҳшӣ ба маҷнӯн ром ме гардад
Ба даст орзӯ додам Аннани дил , надонистам
Ки ин гулгуни саркаш аз давидан хом ме гардад
Забони чарби чашми шӯрро дар чошнӣ дорад
Намак дар пардаҳои дида бодом ме гардад
Муҳаббат бо дил бенақш нарад ишқ ме бозад
Дарин олами ақиқи содаи соҳиб ном ме гардад
Агарна мустаҳаққ маҳрӯм мебошад , чаро соиб
Адои хос ӯ доими насиб ом мегардад ?