Нишони Юсуф гум гашта пайдо аз ту ме гардад
Чароғи дидаи ёқӯби бино аз ту ме гардад
Ту чун дар ҷилваи ое аз ки меояд ънои надорӣ ?
Ки кӯҳи тавр дар домони саҳро аз ту ме гардад
Фарибандааст чандон шеваҳои чашми махмурат
Ки бетаклиф , зоҳиди бодаи паймо аз ту ме гардад
Дили сад пораи моро ба доғи ишқ равшан кун
Ки зарроти ҷаҳони хуршеди симо аз ту ме гардад
Туро ҳар кас ки дорад аз ғами дунё чаҳ ғам дорад ?
Ки чун май талхии олами гуворо аз ту ме гардад
Ба хуршед ҷҳонтобаст чашми зарраҳо равшан
Набинад рӯзи хуш ҳар кас ки танҳо аз ту ме гардад
Тараҳҳум кун ба ҳоли булбулон аз гулистон магзар
Ки гулҳои чамани якдасти раъно аз ту ме гардад
Ҷудоӣ нест чун тасбеҳ аз ҳам хоксорон ро
Дили моро ба дастовар ки дилҳо аз ту ме гардад
Мазан меҳр хамӯшӣ бар лаби ҳарфи офарини соиб
Ки ҳар ҷо андалебӣ ҳаст гуё аз ту ме гардад