Хандаҳо бар шамъ дорад дидаи гирёни мо

Мӯ намегунҷад миёни гиряу мижгони мо

Суҳбати мо миҳмонро сайр месозад зи ҷон

Ҷузи лаб афсӯс набӯд луқмае бар хон мо

Хӯни мо рӯй заминро шустушӯе ме диҳад

Дар танури хок чун пинҳон шавад тӯфони мо ?

Хӯни ғайрат дар дил раҳмат намеояд ба ҷӯш

То нагардад лолаи зор аз доғ май домони мо

Дар саводи дидаи мо айб мегардад ҳунар

Санг гавҳар мешавад дар пилаи мизони мо

Бозӣ ъушрат махӯр аз хандаи мо ҳамчуи барқ

Гиряҳо дар парда дорад чеҳраи хандони мо

Мо чаро сар дар сари андеша сомон кунем ?

Он ки сар додааст , охир медиҳад сомони мо

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мулло гуфта аст

Аз паии он офтобаст ашк чун борони мо