Дилбар маҳҷӯб мехоҳад дили пари хӯни мо
Ғунча нашукуфта бошад сабзи таҳи гулгуни мо
Аз ҳиҷоби зулмати ин девонаи берун омада аст
Дида оҳӯ нагардад раҳзани маҷнӯни мо
Аз ғубори ақли лавҳи хотири мо сода аст
Зулф Лайлӣ мекунад фаррошии ҳомӯни мо
Аз барӯмандӣ чу шохи гул ба рақс оварда аст
Чӯби хушки дорро ҷӯши нишоти хӯни мо
Гарчи мо дар боддстӣ чун ҳубоб афсона ем
Дидаи дарё буд бар косаи воруни мо
Рози пинҳонӣ ки ҷам дар ҷом натавонист дид
Беҳиҷоб аз хишт хам мебинад афлотӯни мо
Нуктаи дилчасби мо бо хомшии ҳам чошнӣ аст
Хомаро бешқ кунад ширинии мазмуни мо
Бо камоли нозукии афкори мо бемағз нест
Ҳар ҳубобӣ киштӣ наваҳйаст дар Ҷайҳуни мо
Ҳар ки бо мо ҳамсафар шуд рӯй осоиш надид
Уқда манзил надорад ҷабҳаи ҳомӯни мо
Дар риёзи офариниш чун ду сарв тавъаманд
Ҳасани рӯзафзӯни ёру ишқи рӯзафзӯни мо
Ишқ то машшотаи афкори мо соиб шуда аст
Холи кунҷи лаб буд ҳар нуқтаи мавзуни мо