Таманнои фурӯғи он моҳи симо барнаме дорад
Карам бехост чун уфтад тақозо бар наме дорад
Чўкор афтод ширин бесухан анҷом ме ёбад
Ки Фарҳоди иҳтимоми корфармо барнаме дорад
Дарин водии маро бар раҳнавардӣ рашк ме ояд
Ки то хорӣ наёрад дар назари по бар наме дорад
Касе кони қомат бесояро дидааст дар ҷавлон
Зсрўи бӯстони нози ду боло бар наме дорад
Ба душман ҳар ки икрнгаст дилро тира ме созад
Мисоли тӯтӣони ойӣнаи мо барнаме дорад
Магар дар пардаи дил бо хаёл ӯ назари бозам
Вагарнаи он рухи нозуки тамошо барнаме дорад
Гуворо мешавад аз ҷабҳаи вокрдаҳи сахтӣҳо
Ки бори кӯҳи ҷузи домони саҳро барнаме дорад
Зснг кӯдакон шуд мумиёеи устихони мо
Ҳамон соиби ҷунуни даст аз сари мо барнаме дорад