Дили бемори ман нози мудово барнаме дорад
Гаронӣ аз дами ҷони бахши исо бар наме дорад
Намонад аз хӯни дили чандон ки мижгонӣ кунам рангин
Ҳамон даст аз дили он мижгони гиро барнаме дорад
Магар бо хори девораш назарбозӣ кунам , варна
Гули ин бӯстони бори тамошо барнаме дорад
Мабодои ҳеҷ кофарро илоҳии хасм кам фурсат !
Ба тарки срФлки даст аз сари мо барнаме дорад
Ба май ислоҳ савдо мекунам ҳарчанд ме донам
Ки хомиро зи анбари ҷӯши дарё барнаме дорад
зи номардон ба мардони золи дунёи бештари печад
Ки даст аз домани Юсуфи Зулайхо бар наме дорад
Бидон ҳаргиз намегирданд хуб аз суҳбати некон
зи сӯзани танги чашмии қурби исо барнаме дорад
Ватан ҳар чанд дилгираст бар ғурбат шараф дорад
Ба оҳан , дили шарор аз санги хоро барнаме дорад
Ту май андешӣ аз хори маломат , варна соҳибдил
Наёрад дар назар то хорро по барнаме дорад
Агарчӣ домани мо бар фалак чун абр ме сояд
Ҳамон хори алойиқи даст аз мо барнаме дорад
Ба ҳар нақшу нигорӣ кӣ муқайяд мешавад соиб ?
Дилӣ каз саркашии ибрати зи дунё барнаме дорад