Дару девор дар ваҷд аз насим навбаҳор омад

Замини мурдаи дилро хӯн ба ҷӯш аз лола зор омад

Замини як даста гул шуд , ҳавои як шох сунбул шуд

Миён барбанд ъушратро ки ҳангом канор омад

Раги санг аз тароват чун раги абр баҳорон шуд

Аҷаби обии ҷаҳони хушкро бар рӯй кор омад

Чаҳ ҳад дорад дарин мавсими кудурати сари буруни орад ?

Ки теғи барги берун аз ниёам шохсор омад

Чунон кин ҳарфҳои мухталиф шуд аз алифи пайдо

Бурун аз парда ҳар хори чандин глъзор омад

Агарчӣ киштии дил буд дар гул то камари пинҳон

Ба рақс аз ҷунбиши боди мурод навбаҳор омад

Муҳӣти файз дар анбари здоғи лола пинҳон шуд

Шукуфа чун кафи дарёии раҳмат бар канор омад

Дарин мавсим манеҳ бар тоқи нисёни шиша май ро

Ки ҷоми лолаи лабрез аз шароб бехумор омад

Ба ҳар чашмӣ нишоед дид ҳасани навбаҳорон ро

Зшбнми чашми ҳайрат вом кун кон глъзор омад

Магари хоби баҳорони чашм бандӣ кард ризвонро ?

Ки чандини ҳури берун аз биҳишт кирдигор омад

Бурун ойед эй канъонён аз кулбаи аҳзон

Ки буии Юсуф гум гашта аз бод баҳор омад

Ки бовар мекунад кони Нақшбанд бе нишони соиб

Зрўии марҳамат дар пардаи нақш ва нигор омад