Замину осмон аз нолаи ман дар хурӯш омад
Нишаст аз ҷӯши дарё , синаи ман то ба ҷӯш омад
Нишоти доимии хоҳӣ , ба дард аз софи қонеъи шӯ
Ки дар давраст доими ҷом ҳар каси дард нӯш омад
Ту маҳви рангу бӯе , варна аз ҳар ҷунбиши хорӣ
Срири хомаи тақдир , орифро ба гӯш омад
Задаст ради мардуми он ки менолад наме донад
Ки аз дасти навозиши кӯҳи ғами моро ба дӯш омад
Хароботи Муғони пурҷӯш буд аз шӯри ман соиб
Ҷаҳон афсурда шуд девонаи мо то ба ҳуш омад