Шудам осӯда то аз дидаи ашки лола ранг омад
Ниҳодами пушт бар девор то поем ба санг омад
Ғами олам чаҳ ҳад дорад ба гирд ошиқон гардад ?
Ҳисори офияти девонаро хуй паланг омад
Ҳазар аз душманӣ кун каз тариқ сулҳ ме ояд
Аз ани душман чаро тарсад касе каз роҳ ҷанг омад ?
Сафир дилхарошӣ мефишорад бар ҷигари нохун
Кадомин шишаи дили боз дар роҳаш ба санг омад ?
Ба дасти кӯтаҳам раҳмат кун эй домони урёнӣ
Ки аз чини ҷабини остини дастам ба танг омад
На аз масҷид футуҳӣ шуд на аз майхонаи имдодӣ
Ба ҳар ҷониб ки рафтам пои умедам ба санг омад
Ба андаки рӯзгории ҷома бар тан май дарди соиб
Ба ранги ғунча ҳар кас дар гулистони даст танг омад