зи дил дар синаи ғайр аз оҳи ғам парвар наме монад
Ки ҷузи хоки сияҳ аз авд дар миҷмар наме монад
Ба он ориз ки дорад доғи хуршеди қиёмат ро
Лабӣ дорад ки аз сарчашма кавсар наме монад
Ба рӯзи тираи мо субҳ , шикарханда ҳо дорад
намедонад ки ин шодии дам дигар наме монад
Чу маҷнӯн кард роми худ ғизолонро яқинам шуд
Ки иқболи ҷунун дар ҳеҷ корӣ дар наме монад
Ба сад хӯни ҷигари дилро сафо додам , надонистам
Ки чун ойӣна равшан шуд ба равшангар наме монад
Асар рафт аз сиришкам то шикастами оҳро дар дил
Илм чун сарнигӯн шуд ҷуръат лашкар наме монад
Бурун омад чу хуршед аз ниқоби субҳ , равшан шуд
Ки ҳасани шӯхи пинҳон дар таҳ чодар наме монад
Ту чандон саъй кун каз дил наёяд бар забони розат
зи мино чун барояд бода дар соғар наме монад
Бикаш дасти тамаъ аз домани тӯли амли соиб
Ки зулфи дӯд дар сарпанҷа миҷмар наме монад