Сухани пӯшида дар лаъли лаб ҷонон наме монад
Агарчӣ дар адам бошад сухан пинҳон наме монад
Напушади хати мишкӣни обу ранги лаъли ҷонон ро
Ниҳон дар тирагии ин чашма ҳайвон наме монад
Ба хобӣ мешавад озоди рӯҳ аз қайди обу гул
Тамоми умри моҳи Миср дар зиндон наме монад
Шавад ҳар ахтарии зери фалак дар вақти худ толеъ
Расад чун навбати нони Тифл бедандон наме монад
Башу даст аз дили осӯда дар даврони зулф ӯ
Кигар инаст чавгон , гӯй дар майдон наме монад
Сухан бар гирди олам май дӯдгар рутба Эй дорад
Матоъи Юсуфӣ дар гӯша дукон наме монад
Ҳамоно донаи умеди моро сӯхти навмидӣ
Вагарнаи тухм дар зери замин пинҳон наме монад
Кадомин шӯхи чашми имрӯз ҷо дорад дарин гулшан ?
Ки дар ковидани дили хораш аз мижгон наме монад
Ба дилтангӣ қаноат кун саботи умр агар хоҳӣ
Ки чун шуд ғунчаи гул , дар бӯстон чандон наме монад
Абас дар пунбаи доғи хеш пинҳон мекунам соиб
Чароғи шӯхи ҳаргиз дар таҳ домон наме монад