Ба дили мижгони он ноошно пинҳон наме монад

Ки хоригар хулд дар дасту по пинҳон наме монад

Бирав эй содаи дили ин пунбаро бар доғи дигар на

Дарин абри тнки хуршеди мо пинҳон наме монад

Чу об аз лаъл ва чун ранг аз рухи ёқӯт май тобад

Сафои даст ӯ зери ҳино пинҳон наме монад

Дили моу нигоҳат ҳар ду медонанд ҳоли ҳам

Ки ҳоли ошно аз ошно пинҳон наме монад

Здомони шафақ гул мекунад ҳар субҳ ва ҳар шомӣ

Чу шамъи субҳгоҳии хӯни мо пинҳон наме монад

Таровуш мекунад хӯни дил аз симои гуфторам

Насими машк дар ҷайби сабо пинҳон наме монад

Куҷои абри тнки хуршедро ойӣна дон гардад ?

Сафои синааш зери қабо пинҳон наме монад

Чаҳ лозими васфи шеъри обдор худ кунӣ соиб ?

Агар дорад гуҳари оби сафо , пинҳон наме монад