Таманно аз дили аҳли ҳавас берун наме ояд
Ки хомӣ аз шароби нимрс берун наме ояд
Магари он рӯй отшноки сӯзади орзӯҳо ро
Ки барқ аз ӯҳдаи ин хору хас берун наме ояд
Ба ҳам май печади арбоби ҳавасро орзӯмандӣ
Азин шаҳди шлоини як магас берун наме ояд
Абаси мурғи чаман бар об ва оташ мезанад худ ро
Гул бешарм аз оғӯши хас берун наме ояд
Нўоснҷӣ ки гул чидааст аз завқи гирифторӣ
Ба таклифи баҳорон аз қафас берун наме ояд
Хамӯшӣ ҳуҷҷати нотиқ буд ҷонҳои восил ро
Ки аз ғаввос дар дарёи нафас берун наме ояд
Маро аз корвонии давр афкандааст гумроҳӣ
Ки аз дилбастагии бонги ҷарас берун наме ояд
зи гиру дори ақл осӯда гардад дил чу равшан шуд
Ки дар маҳтоб аз манзили асас берун наме ояд
Дар он маҳфил ки ман соиби талош гуфтугӯ дорам
Садои ғайр аз сапанд аз ҳеҷ кас берун наме ояд