Таманно аз дили аҳли ҳавас берун наме ояд

Ки ҳирси шаҳд аз ҷони магас берун наме ояд

Ба марг аз қайди тан , тани парваронро нест озодӣ

Ки мурғ бепару бол аз қафаси берун наме ое

Зхт кӯтоҳ шуд аз кӯй ӯ пои ҳўснокон

Ки шаби торик чун гардад магас берун наме ояд

Дар он водӣ ки ман чун нақши по аз корвон мондам

Збими роҳзани бонги ҷарас берун наме ояд

Дар он маҳфил ки ман бурдорам аз лаби меҳри хомӯшӣ

Садои ғайр аз сапанд аз ҳеҷ кас берун наме ояд

Парешон кард сайри боғи авроқи ҳавосам ро

Хушо мурғӣ ки аз кунҷи қафас берун наме ояд

Магари болу пари мавҷӣ ба фарёдаш расад , варна

Ба дасту по задан аз баҳри хас берун наме ояд

Зъоҷзнолӣ худ ёфтам он ганҷи пинҳон ро

Ки аз дили нола бефарёдрас берун наме ояд

Ҳаромаши боди расвоӣ , ҳалолаши боди мастурӣ

Май ошомӣ ки аз бими асас берун наме ояд

Чу афтодӣ ба баҳри ишқи даст ва по мазан соиб

Ки аз дарёии оташи хору хас берун наме ояд