Ҷавҳар май зи раги абр мусанно гардад

Аз шафақи ранг май лаъли ду боло гардад

Як замони парда азон рӯй дил оро бурдор

То сияҳи хонаи ин дашт сувидо гардад

Хоксорӣаст ки аз дарди талаб май печад

Гирдбодӣ ки дарин доман саҳро гардад

Шавқ агар ом кунад силсилаи ҷанбоне ро

Кӯҳ чун реги равони бодия паймо гардад

Шавад аз оҳи парешони дили хуршеди сиёҳ

Хати зи рухсори ту рӯзӣ ки ҳувайдо гардад

Кӯҳканро ба сухани сӯрат ширин нагузошт

Лофи бекор буд кор чу гуё гардад

Номаи таскини надиҳади дидаи муштоқон ро

Каф маҳоласт ки меҳри лаб дарё гардад

Гиряи мардум бидрд шавад харҷи замин

Ин на силӣаст ки пайваста ба дарё гардад

Гар бидонад чаҳ смрҳости туҳидастӣ ро

Сарви овораи зи гулзор ба як по гардад

Ҳарки соиб шавад аз бодаи ирфони саргарм

Ҳамчуи хуршеди дарин доира танҳо гардад