Пунбаи гӯшам агар пунба мино гардад
Мастии бодаи гулранги ду боло гардад
Гирдбодаши нафас сӯхта хоҳад гардид
Гар ғубори дили ман доман саҳро гардад
Рӯз дар синаи торики ту шаб ме гардад
Нафас аз лаб ба чаҳ умед ба дил во гардад ?
Дили огоҳ буд рехтаи хомаи сунъ
Нуқта аз саъй маҳоласт сувидо гардад
Мо ба як нуқтаи хол аз рух ӯ маҳви шудем
Вақти он хуш ки бар ин сафҳа саропо гардад
Аз таҳи сабзаи хат , ҳамчуи ма аз абри тнк
Рафтани ҳасан ба таъҷил ҳувайдо гардад
Шамъро ҷомаи фонӯси пар ва бол шавад
Ҳркҷои дилбари ман анҷуман оро гардад
То набандад адаби ишқи Зулайхоро чашм
Чашми ёқӯб маҳоласт ки бино гардад
Ашк мотам шавад обӣ ки ба рағбат ндиҳанд
Абрҳо рўтрш аз талхӣ дарё гардад
Кашиши ҷозибаи асли баланд афтода аст
Сахт май тарсами азин шиша ки хоро гардад
Монеъи ризқ муқаддар нашавад дар бастан
Дар раҳми рӯзии атфол муҳайё гардад
Сифла аз манъ ба доман накушуд пои талаб
Ки ба ҳар даст фишондан чу магас во гардад
Аз гронҷонии ман шавқи замини гир шуда аст
Обро реги равони силсила по гардад
Рутбаи ҳарфи зи хомӯшӣ ҳаркас пайдост
Ҷавҳари оина аз пушт ҳувайдо гардад
Соиб аз чеҳра мақсӯд тавонад гули чид
Ҳар киро оинаи сина мусаффо гардад