Кӯҳ дар бодияи шавқи камар май бандад

Хок чун оби равони бори сафар май бандад

Нест аз Фўтаҳи рибоёни ҷаҳони парвояш

Мӯии жулидаи худ ҳарки ба сар май бандад

Моҳи шабгарди ман аз хона чу ояд берун

Моҳ дар хизматаш аз ҳолаи камар май бандад

Гавҳари поки марои ком наҳангаст садаф

Камари киштии ман мавҷи хатар май бандад

Турбаташро ба чароғи дгарон ҳоҷат нест

Ҳарки аз доғи ту ойини ҷигар май бандад

Санг май борад аз афлок , надонам дигар

Нахли умед ки имрӯзи самар май бандад

Сухани пок буд дар талаби синаи пок

Ки гуҳар дар садафи поки гуҳар май бандад

наметаровад сухани ишқи зи лаб ҳои хамӯш

Лангари санги куҷои боли шарар май бандад ?

Дашт чун ҳалқаи фитрок бар ӯ танг шавад

Чашми шӯхи ту ба сайдӣ ки назар май бандад

Чун ба зари умри муқаддари нФроиди соиб

Ғунчаи чандин ба гиреҳи баҳр чаҳ зар май бандад ?