Ғунчаи боғи ҳаёи сар ба гиребон хандад

Гул бешарм буд он ки парешон хандад

Шуд чароғи раҳи торики адами хандаи барқ

Каси дарин ғамкадаи дигар ба чаҳ унвон хандад ?

Доғ хуршед гузоранд ба лухти ҷигараш

Ҳар ки чун субҳи дарин базм , парешон хандад

Субҳро шарм шукр ханд ту зиндонӣ кард

Ғунчаи гул ба кадомин лаб ва дандон хандад ?

Аз надомат ҳама донанд ки гул хоҳад чид

Бар рухи теғ агар захм намоён хандад

Нашавад захми забони хори раҳи грмрўон

Рег бар кашмакаши хор муғелон хандад

Дили огоҳи дарин ғамкада хуррам нашавад

Юсуф он нест ки дар гӯша зиндон хандад

Ҳамаи тани шонаи шамшод азон дандон аст

Ки ба тӯли амли зулф парешон хандад

Мояи ъушрати соиби дили огоҳ буд

Даҳани субҳи зи хуршед дурахшон хандад