Аз тршрўиии мо хок чаҳ парво дорад ?
Май агар сирка шавад ток чаҳ парво дорад ?
Нашавад захми забони грмрўонро монеъ
Домани барқи зи хошок чаҳ парво дорад ?
Сайқали оинаи шуъла буд ашки кабоб
Ҳасан аз дидаи намнок чаҳ парво дорад ?
Маҳви сари панҷаи хуршед ҷаҳон афрӯзаст
Синаи субҳдам аз чок чаҳ парво дорад ?
Чок агар аз алиф захм шавад синаи боз
Теғи он ғамзаи бибок чаҳ парво дорад ?
Гар кунад шуълаи овоз , марои хокистар
Он гул рӯй ърқнок чаҳ парво дорад ?
Ошиқ аз гардиши афлок шикоят накунад
Кушта аз печиши фитрок чаҳ парво дорад ?
Дил чу равшан шуд , азуи дасти ҳавас кӯтоҳ аст
Чашмаи меҳри зи хошок чаҳ парво дорад ?
Фалак аз шикваи мо тнгдлон осӯда аст
Ҳуққа аз талхии тирёк чаҳ парво дорад ?
Дар ду олам гиреҳӣ нест ки накушояд ишқ
Ошиқ аз уқдаи афлок чаҳ парво дорад ?
Ду ҷаҳон чун пари парвонагар оташ гирад
Соиби он шуълаи бибок чаҳ парво дорад ?