Оҳи ушшоқи сияҳи рӯз асарҳо дорад

Шаби ин тайифа дар парда саҳарҳо дорад

Бар сари рози ту чун бед дилам ме ларзад

Шиша аз бодаи пари зӯр хатарҳо дорад

Дил азон мӯии миён чун ба саломат гузарад ?

Аз камари ваҳшӣ Ром карда хатарҳо дорад

Дили соҳиби назаронро ба тағофул машкан

Кин ҳубобӣаст ки дар парда гуҳарҳо дорад

Адаби ишқи забони банд лаб изҳораст

Вар на ҳар зарраи зи хуршед хабарҳо дорад

Сарв аз замзамаи фохта мавзун гардид

Нафаси сӯхтагони турфа асарҳо дорад

Хабар аз ошиқи саргашта гирифтан шарт аст

Шамъ аз баҳри ҳамин кор шарарҳо дорад

Гул фитодааст ба чашми ту зи ғифлат , варна

Хор дар ҳар сари ангушт ҳунарҳо дорад

Марв аз роҳ ба овозаи дарёи соиб

Садафи хомаши мо низ гуҳарҳо дорад