Рӯзу шаб бар ман маҳҷӯр ба талхӣ гузарад

Иду наврӯз ба ранҷур ба талхӣ гузарад

Надиҳади кунҷи қаноат ба ду олами қонеъ

Аз сари танги шукри мӯр ба талхӣ гузарад

Талхӣу шурӣу ширинии об аз хок аст

Умр дар олами пуршӯр ба талхӣ гузарад

Зиндагиро набӯд чошнӣ бе мастӣ

Умр дар боғ ба ангур ба талхӣ гузарад

Моли худро накунад ҳар ки ба ширинии сарф

Аз сари шаҳд чу занбӯр ба талхӣ гузарад

Рӯзгори хати шбрнг ба ширини даҳанон

Чун шаби ҷумъа ба махмур ба талхӣ гузарад

Роҳату ранҷ ба андозаи ҳам май бояд

Шаби кӯтоҳ ба муздур ба талхӣ гузарад

То ба кӣ дар тани хокӣ , ки шавад зеру зибр

Рӯзи мо ҳамчуи шаби гӯр ба талхӣ гузарад ?

Талхӣ марг шавад шаҳд ба комаши соиб

Ҳар ки зини олами пуршӯр ба талхӣ гузарад