Пой бар чарх наад ҳаркии з сар ме гузарад

Ришта чун бегиреҳ уфтад з гуҳар ме гузарад

Ҷигари шери надории сафар ишқ макун

Сабзаи теғ дар ин раҳи з камар ме гузарад

Дар биёбони фанои қофилаи шавқ ман аст

Корвонӣ ки ғубораши з хабар ме гузарад

Дили душман ба туҳидастии ман май сӯзад

Барқ аз ин мазраъа бо дида тар ме гузарад

Гармии лолаи рухони қобили дил бастан нест

Ки ба як чашм задани ҳамчу шарар ме гузарад

Дар чунин фасл ки нам дар қадаҳ шабнам нест

Хори девори туро оби з сар ме гузарад

Ғунчаи зиндаи дилӣ дар дил шаб ме хандад

Файз , обӣаст ки аз ҷӯй саҳар ме гузарад

Орифон аз сухани сард парешон нашаванд

Умри гул дар қадами бод саҳар ме гузарад

Нисбати домани поки ту ба гул маҳз хатост

Ки сухан дар садафи пок гуҳар ме гузарад

Чун садаф меҳр хамӯшӣ назанад бар лаби хеш ?

Сухани соиби покиза гуҳар ме гузарад