Рӯзгори тарабу навбат ғам ме гузарад
Мотаму сури ҷаҳони зуди з ҳам ме гузарад
Хоби осӯдагӣ ва арса ҳастӣ , ҳайҳот
Субҳи азин марҳала бо теғи ду дам ме гузарад
Чаҳ кунад арсаи эҷод ба дилтангии мо ?
Сухан аз танагии саҳроӣ адам ме гузарад
Моҳ ва хуршед нтобанд рух аз силии ишқ
Сиккаро ҳукм ба динор ва дирам ме гузарад
Ҳеҷ кас нест ки дар фикри дил худ бошад
Умри мардуми ҳама дар фикр шикам ме гузарад
Лаби лаъли ту ба ин об нахоҳад мондан
Даври фармондиҳии хотам ҷам ме гузарад
Ин чаҳ чашмаст ки аз ғамза бе зинҳораш
Оби теғ аз сари оҳӯӣ ҳарам ме гузарад
Соиб аз аҳл ҳасад мегузарад бар дили ман
Ончӣ бар оина аз суҳбат нам ме гузарад