Хешро пештар аз марги хабар бояд кард

Дар ҳзри фикри саранҷоми сафар бояд кард

Пеш азон дам ки шавад ткмаҳи пероҳани хок

Сари азин хирқа на тӯии бадар бояд кард

Ҳосили кори ҷаҳони ғайр пушаймонӣ нест

Фикри шуғл дигару кор дигар бояд кард

Нафасӣ чанд ки дар синаи пурхӯн боқӣ аст

Сарфи афғони шабу оҳи саҳар бояд кард

Пештар зон ки шавад киштии тани по ба рикоб

Киштии фикри дарин баҳри хатар бояд кард

Сайри анҷом дар ойӣнаи оғоз хуш аст

Домро пештар аз донаи назар бояд кард

То магари ахтари тавфиқ фурӯзон гардад

Гиря эй чанд ба ҳар шому саҳар бояд кард

Пеш азон дам ки замин дуз кунад хори аҷал

Домани саъй , миёни банди камар бояд кард

То гули абрӣ аз айёми баҳорон боқӣ аст

Садафи хеши лаболаби зи гуҳар бояд кард

Ба рафиқони гронбори напардозади шавқ

Тӯшаи ин сафар аз лухти ҷигар бояд кард

Фикри ҷон дар сафари ишқ ба хотир бораст

Аз гронбории ин роҳи ҳазар бояд кард

Қисмати мардум бебарг буд миваи хулд

Даҳании талх ба умеди самар бояд кард

Натавон роҳи адамро ба Асои тай кардан

По чу аз кор шуд андешаи пар бояд кард

Шореъи қофилаи файз буд рахнаи дил

Чашми худ вақф бар ин роҳгзр бояд кард

Партави ориятии наъл дар оташ дорад

Шамъи миҳроби зи рухсор чу зар бояд кард

Модари хок ба фарзанд наме пардозад

Рӯй дар манзилу мأўои падар бояд кард

Як ҷиҳатгар шудае дар сафари яктое

Соиб аз ҳар ду ҷаҳони қатъи назар бояд кард