эй дил аз душмани хомӯши ҳазар бояд кард
Аз газанд май бе ҷӯши ҳазар бояд кард
Бештар кор кунад теғ чу лангар дораст
Аз дуои лаби хомӯши ҳазар бояд кард
Бар ҷгрдорӣ дуздаст шаби моҳи гувоҳ
Аз хату холи биногваши ҳазар бояд кард
Тир аз баҳр камон мекунад иншои сафар
Чун расад кор ба оғӯши ҳазар бояд кард
Фақри пӯшидау шамшер бараҳнааст яке
Аз фақирони қбопўши ҳазар бояд кард
Соиб аз ҷӯш сухан дод ба тӯфони олам
Аз муҳӣтӣ ки занад ҷӯши ҳазар бояд кард