Ба хомӯшии муҳӣт маърифат кун ҷон гуё ро

Ба ҷон бенафас чун моҳён кун сайри дарё ро

Ҳумоюни тоирӣ дар ҳар назар гардад шикори ту

Агар дар роҳи ибрати афкании доми тамошо ро

зи қурби танги чашмони риштаи умедро бугсал

Ки сӯзани лангар парвоз мегардад масеҳо ро

Илмро касрат лашкар нагардад пардаи ваҳдат

з яктое наяндозад ҳубобу мавҷи дарё ро

Надорад бо таъаллуқи суди даст афшодан аз дунё

Ки озодӣ гирифторӣаст мурғи ришта бар по ро

Барозандааст бар девонае ташрифи расвоӣ

Ки аз зӯр ҷунун созад гиребони чоки саҳро ро

Ман аз дилчасбии он холи анбар фом донистам

Ки хоҳад ҳалқаи берун дар кардани сувидо ро

зи шавқи онҳо ки доранд оташӣ дар зери пои худ

Гул бехор май созанди хорстони дунё ро

Гирифтам гӯшаи ғории зи гумномӣ , надонистам

Ки кӯҳ қоф месозад баланди овозаи анқо ро

Ннозм чун ба бахти сабзи худ соиб ки чун тӯтӣ

Ба ҳарф ва савт кардам роми он ойӣнаи симо ро