Чунон дониста май бояд дарин дунё наҳй по ро
Ки бар мӯии миёни мӯр дар саҳро наҳй по ро
Қадами биҷо ниҳодан дар қафо дорад пушаймонӣ
Адо кун саҷдаи саҳвӣ агар беҷо наҳй по ро
Ҳузури кунҷи азлатгар туро аз хок бардорад
Агар дар хулди хўонндт ба истиғно наҳй по ро
Ба домони таҷаррудгар сбкрўҳонаҳи овезӣ
Чу исо аз замин бар олам боло наҳй по ро
Нарезигар ба хоки роҳи об рӯй дарвешӣ
Кунӣ сабз аз тароват чун Хизр ҳар ҷо наҳй по ро
Туонегар зи худ чун буии пероҳан бурун омад
Шавад бино , агар бар чашм нобӣно наҳй по ро
Нигаҳбон бе шумораст аз ямин ва аз ясори ту
Мабодо ҳар тараф чун маст , бепарво наҳй по ро
Ба кӯҳи қофи пушти худ диҳӣ аз рӯй осоиш
Бурунгар аз миёни халқ чун анқо наҳй по ро
Агар худро ба ҷӯш аз пастии хомии буруни оре
Ба фарқи ақл , бебокона чун саҳбо наҳй по ро
Муҷаррадгар туоне гашт чун нури назар аз худ
Ба чашми равшани хуршед чун исо наҳй по ро
Ба савҳони риёзати хештанрогар сабк созӣ
Ба ҷуръат чун кафи сармаст бар дарё наҳй по ро
Сабк чун пунба аз сар во кунӣ гирдонаи тан ро
Чу мисатон бемуҳобо бар сар мино наҳй по ро
Буд ҳар зарраи зини хоки сияҳ , хуршеди рухсорӣ
Мабодо бар замин аз рӯй истиғно наҳй по ро
Ба суръати ончунон зини хокдони тираи роҳии шӯ
Ки гардад серума аз гармӣ , чу бар хоро наҳй по ро
зи машриқ то ба мағриб тай кунӣ як рӯз бе заҳмат
Агар чун меҳр дар роҳи талаб танҳо наҳй по ро
Гузаштан аз сирот осон шавад рӯзи ҷазо бар ту
Агар соиби з рӯй эҳтиёт ӣнҷо наҳй по ро