Рӯй ойӣнаи дили тор намебояд кард
Пушт бар давлати дидор намебояд кард
Аз парешони сухании умр қалам шуд кӯтоҳ
Зиндагӣ дар сари гуфтор намебояд кард
Болаши нарм , камӣнгоҳи гронхўобиҳост
Такя бар давлати бедор намебояд кард
эй гул аз оташ агар хати амон май хоҳӣ
Ханда бар мурғи гирифтор намебояд кард
Бо матоъӣ ки ба симу зар қалбаст гарон
Нози Юсуф ба харидор намебояд кард
Бӯса гар нест дили хаста ба пайғом хуш аст
Зиндагии талх ба бемор намебояд кард
Абр раҳмат набӯд қобил ҳар шӯраи замин
Бодаи таклиф ба ҳушёр намебояд кард
Дардҳо мешавад аксари зи табибони афзӯн
Ғами худ арз ба ғмхўор намебояд кард
Аз рух тоза занад хӯни харидорони ҷӯш
Ҷинси худ куҳна ба бозор намебояд кард
Бар либосаст назари мардуми кӯтаҳи байн ро
Сари худ дар сари дастор намебояд кард
Бенигаҳбон чу шавад ҳасан хатарҳо дорад
Хорро даври зи гулзор намебояд кард
Дили озодаи худро чу бахилони соиб
Кӣсаи дарҳаму динор намебояд кард