Дил чун оинаро тор намебояд кард
Пушт бар давлати дидор намебояд кард
Орифиро ки пару боли фалак ҷавлон нест
Сайр дар кӯчау бозор намебояд кард
намеравад зуди бурун аз таҳи пои курсии дор
Такя бар давлати бедор намебояд кард
То тавон буд хамаш , чун қалам аз бе мағзӣ
Сари худ дар сари гуфтор намебояд кард
намерасад номаи сари баста дар ӣнҷо ба ҷавоб
Дарди дили пеши ҳақи изҳор намебояд кард
Нуқта дар сайру сукӯни тобеъи раммол буд
Шиква аз собиту сайёр намебояд кард
Ҳарки бар худ накунад раҳм , бар ӯ раҳм ҷафост
Бодаи таклиф ба ҳушёр намебояд кард
Аз дар ҳақ ба дар халқ мабар ҳоҷати худ
Шиква аз ёр ба ағёр намебояд кард
Аз тиҳии мағзи тамаъи банд забон натавон дошт
Хомаро муҳаррами асрор намебояд кард
Рутбаи ҳасани яке сад шавад аз дидаи пок
Манъи ойӣнаи зи дидор намебояд кард
Маркази доираи айши сабот қадам аст
Сайр бенуқта чу паргор намебояд кард
Зикри холис буд аз банди алойиқи растан
Риштаи сбҳаҳи зи зуннор намебояд кард
То ду лаби теғи ду дам мешавад аз хомӯшӣ
Даҳани захми зи гуфтор намебояд кард
Макун он рӯй ърқноки зи ошиқи пинҳон
Зулм бар ташнаи дидор намебояд кард
Соиб аз об шавад оташи саркаши мағлуб
Ҷанг бо мардуми ҳамвор намебояд кард