Қатъи умед азон мӯӣ камар натавон кард
Роҳи борӣк чу афтод гузар натавон кард
Сабрро ҳавсилаи ҷунбиши мижгон ту нест
Пеши шамшери қазои сина сипар натавон кард
Дилам аз рашки тамошое ӯ пар хӯн аст
Гарчи дар чашмаи хуршед назар натавон кард
Хиради сусти қадамро ба ҳарифон бигзор
Ки ба ин бадарға аз хеш сафар натавон кард
Нагузарӣ то з сар ҳастӣ ноқис чу ҳубоб
Сари азин қулзуми хунхор бадар натавон кард
эй басои разм ки мардии сипар андохтан аст
Ба шуҷоати ҳамаи ҷои даст бадар натавон кард
Нафаси барқи дарин водӣ хунхор гудохт
Аз таманнои ҷаҳони зуд гузар натавон кард
Уқда Эй нест дарин доира бесару по
Ки зи ҳам боз ба як оҳ саҳар натавон кард
Даҳан аз хбс башу пок ки монанди садаф
Обро бе даҳани пок , гуҳар натавон кард
То чу киштӣ нанаҳй бори рафиқон бар дил
Панҷа дар панҷаи дарёӣ хатар натавон кард
То наме дар қадаҳи аҳли мурувват боқӣ аст
Соиб аз кӯии харобот сафар натавон кард