Аз тапиши манъи дил бесар ва по натавон кард

Манъи битоқтии қибла намо натавон кард

Натавон об гирифт аз ҷигари ташнаи теғ

Дили зи дилдор ба тадбир ҷудо натавон кард

Бо гуҳар аз садафи пучи гузаштан саҳл аст

Ду ҷаҳон чист ки дар ишқ фидо натавон кард ?

Тан чаҳ бошад ки дареғ аз саги он кӯ доранд ?

Устихон чист ки дар кор ҳумо натавон кард ?

Сади ойӣнаи турои пеши назар то бошад

Чун Сикандари ҳаваси об бақо натавон кард

Шавад аз саҷдаи ҳақи оинаи дили равшан

Бе қади хам шуда ин теғ ҷило натавон кард

Дар ҳаримӣ ки кунад дилбари мо дасти баланд

Чист пероҳани Юсуф ки қабо натавон кард ?

Субҳ дар хӯн шафақ метапад ва ме гуяд

Ки нафаси рости дарин танг фазо натавон кард

Нагузарӣ то зи сари донаи дил чун пари коҳ

Дасти худ дар камар коҳрбо натавон кард

Ба забонӣ ки кашад хори маломати соиб

Домани каъбаи мақсӯд раҳо натавон кард