На буии гул , на ранги лола аз ҷо май баради мо ро
Ба гулшани лиззати тарки тамошо май баради мо ро
Ду олам аз таманно шуд биёбони марги нокомӣ
Ҳамон хомӣ ба дунболи таманно май баради мо ро
Макун таклифи ҳамроҳӣ ба мо эй сайли по дар гул
Ки даст аз ҷони худ шустан ба дарё май баради мо ро
Агар чаҳ дар ду олам нест майдони ҷунуни мо
Ҳамон бе тоқатии саҳро ба саҳро май баради мо ро
Каманди ҷазбаи хуршед агар раҳмат нафармоед
Ки чун шабнами азин пастӣ ба боло май баради моро ?
Чунон омода ишқем аз файзи сбкрўҳӣ
Ки ҳасани сӯрати девор аз ҷо май баради мо ро
Ба тӯфони гавҳар аз гирди ятемӣ барнаме ояд
Чаҳ гирд аз чеҳраи дили мавҷи саҳбо май баради моро ?
Ки бовар мекунад бо ин тавонои зи мо соиб ?
Ки чашми нотавон ӯ ба яғмо май баради мо ро