Қатраи он кас ки паии об ба зулмат ме зад
Коши худро ба дами теғ шаҳодат ме зад
Дид то рӯй ту , чун гули ҳамаи тан доман шуд
Он ки бар оташи ман об насиҳат ме зад
Ин замони номаи аъмол гунаҳкорон аст
Бар рӯе ки дам аз субҳ қиёмат ме зад
Гарчи рӯй суханаш буд ба зоҳир бо ғайр
Намакӣ буд ки моро ба ҷароҳат ме зад
Сайри саҳрои шкрхиз қаноат кардам
Чун шукр , мӯр дар ӯ ҷӯш ҳаловат ме зад
Он ки май баст ба зоҳир дар суҳбат бар халқ
Бо ду сад даст ба ботин дар шӯҳрат ме зад
Гунбади масҷиди шаҳр аз ҳамаи фозилтар буд
Гар ба ъамома касе кӯс фазилат ме зад
Аз баландии назар буд на аз бихбрӣ
Ҳиммати соиб агар пой ба давлат ме зад