Ошиқи маҳв ба дилдор наме пардозад

Булбули маст ба гулзор наме пардозад

Ресмони бозии тақлид буд пешаи ақл

Ишқ бо сбҳаҳу зуннор наме пардозад

Ҳар ки чун нуқтаи зондишаҳ фурӯ рафт ба хеш

Ҳеҷ бо гардиши паргор наме пардозад

Зӯр бар оина соф наёрад сайқал

Чарх бо мардуми ҳамвор наме пардозад

Коми он кас буд аз шаҳди саломати ширин

Ки ба иқрор ва ба инкор наме пардозад

Хабараш нест зи таъҷили баҳорон , варна

Гул ба ороиши дастор наме пардозад

Оташӣ дар ҷигари булбул агар ҳаст , чаро

Ин чаманро зи хасу хор наме пардозад ?

То ба он оинаи рӯи роҳ сухан ёфта аст

Тӯтии мо ба шкрзор наме пардозад

з эътимодӣаст ки кардааст ба эъҷози нафас

Исои мо ки ба бемор наме пардозад

Гарм кардааст чунон бихбрии соиб ро

Ки зи гуфтор ба кирдор наме пардозад