Гавҳари акси лабашгар ба шароб андозад
Каллаи айш , май аз ҷӯш ҳубоб андозад
Ҷадали шабнаму хуршед буд мушту дирафш
Хиради он ба ки сипари пеш шароб андозад
Кӯс шӯҳрат занад аз хам чу Флотўни ҳаркас
Хишт баргирад ва аз даст китоб андозад
Ҳар ки хоҳад ки кунад мушкили оламро ҳал
Дафтари ақли ҳамон ба ки дар об андозад
На з мастӣаст намакгар ба шароби афкандам
Чашм то чанд ба рӯй ту ҳубоб андозад ?
Ғалат андозӣ ҳасанаст ки оби ҳайвон
Парда бар рӯй худ аз мавҷ сароб андозад
Хоб махмал набӯд дар гарави афсона
Бахт кӣ гӯш ба афсона хоб андозад ?
Нагирифтааст каси ойӣнаи хуршед ба мум
Чун ба рухсори ту машшота ниқоб андозад ?
Соиб аз баҳр ба як ҷуръа баровардӣ гирд
Дар хури зарфи ту , соқӣ чаҳ шароб андозад ?