Ашкро дидаи ман гавҳар ғалатон созад

Оҳро синаи ман сунбул ва райҳон созад

Ҳаст чун теғи дӯдам дар назари ғайрати ман

Ҳасанро оина ҳар чанд ду чандон созад

Гиря аз ҷои набарди ҳасани гарони тамкин ро

Сарвро об маҳоласт хиромон созад

Пардаи пӯшии тамаъ аз парда дарон натавон дошт

Чун касе айби худ аз оина пинҳон созад ?

Шӯри маҳшар ки кунад зеру зибри олам ро

Вақти моро натавонист парешон созад

Айби худ соф замирон натавонанд наҳуфт

Мурдаро об маҳоласт ки пинҳон созад

Зард рӯе накушуд рӯзи қиёмати соиб

Ҳар ки бо хӯни дил аз неъмат алвон созад