Заҳрро сабри ҷавонмард шукр ме созад

Хорро нахли барӯманд самар ме созад

Сари мо гирди сари дор фано ме гардад

Мива чун пухта шавад барг сафар ме созад

Ту надории сари омезиши ошиқ , варна

Бо лаби хушки садафи об гуҳар ме созад

Новаки ғамзаи зи алмоси тарозу шуда аст

Тоқати содаи дил аз мум сипар ме созад

Чун барам пай ба сари хеш , ки найранги қазо

Ҳар гули субҳ , марои ранг дигар ме созад

Ҳар сбксири дарин дашт камандӣ дорад

Дили битоби марои мӯӣ камар ме созад

Соиб аз партав хуршед тавонад гули чид

Ҳар ки чун шабнами гул , дида сипар ме созад