Ҳар ки айёми хат аз симброн ғофил шуд

Аз шаби қадар ба моҳи рамазон ғофил шуд

Бихўдӣ мекунад авзоъи ҷаҳонро ҳамвор

Вой бар он ки азин хоби гарон ғофил шуд

Рӯзии баста даҳонон расад аз ғайб , чаро

Аз дили танги ман он ғунчаи даҳон ғофил шуд ?

Бо қадами хам шуда хуш нест парешони назарӣ

Дар кмонхонаҳ набояд зи нишон ғофил шуд

Ба фалак мерасад ин дӯди кабобӣ ки марост

Аз дили сӯхта ман натавон ғофил шуд

Ҳар ки аз пушти варақ рӯй варақро хонда аст

Дар баҳорони натавонади зи хазон ғофил шуд

Рутбаи ҷозибаи ишқи баланд афтода аст

Бар фалаки маи натавонади зи каттон ғофил шуд

Юсуф аз силии ихвон ба ғарибӣ афтод

Чун тавонад кас аз абнои замон ғофил шуд ?

Ёди он ҷон ҷаҳонаст ҳаётӣ гар ҳаст

Мурдаи дили он ки азон ҷони ҷаҳон ғофил шуд

Домани бахт ҷавон рафт зи дасташи берун

Соиби он рӯз ки аз пери Муғон ғофил шуд