Ҷигари пора агар моидаҳ хонам шуд

Чашми шӯри фалаки сифла намакдонам шуд

Тнгдл дошт парешонеи парвози маро

Ғунчаи гаштам , қафаси танг гулистонам шуд

Дасти шастами зи ҷаҳон , об ҳаётам гардид

Пои ниҳодам ба ҳаво , тахт сулаймонам шуд

То дарин олами пуршӯр назар кардам боз

Таҳтаи машқи ду сад хоб парешонам шуд

Хомшӣ аз саги гӣранда камӣнгоҳ балост

Нестам эмин агар нафас ба фармонам шуд

Аз худӣ буд ба ман домани саҳрои зиндон

Рафтам аз хеши бурун , шаҳр биёбонам шуд

Равад нилам ба мукофот азизӣ бахшед

Чеҳраи нилӣ агар аз силӣ ихвонам шуд

Кард аз тӯҳмат агар Миср ғубор олудам

Домани пок , калид дар зиндонам шуд

Соиб аз хомаи ман сунбултар май резад

То дили ошуфтаи он зулф парешонам шуд