Агар он ғамзаи хўнриз мусаввир ме шуд

Оби ойӣна чу шамшер ба ҷавҳар ме шуд

Буд шерозааш андешаи он мӯии миён

Пораҳои дилами он рӯз ки дафтар ме шуд

Ҷигари сӯхтаи фохтагон обкаш аст

Варна аз сояи сарви ту замин тар ме шуд

Қади раъноӣ ту мекард агар қомати рост

Сарв бо сабзаи хобида баробар ме шуд

Шаб ки рухсори ту аз бода барафрӯхта буд

Шуълаи пинҳон ба таҳи бол самандар ме шуд

Гули рухсори ърқноки туро гар ме дид

Боғи ҷинати хаҷал аз чашма кавсар ме шуд

Хушк ногашта ба дилдор раседӣ хати ман

Номаи шавқам агар бол кабӯтар ме шуд

Агар аз теғ ту мешуд ҷигари ман сероб

Сабзаи Хизри зи шодобии ман тар ме шуд

намешуд аз ғайрати шоҳони дили мискинони хӯн

Васл ӯгар ба зару зӯр муяссар ме шуд

Буд аз чошнии хоки қаноати ғофил

Мӯри рӯзӣ ки гирифтор ба шукр ме шуд

Будам он рӯзи ман аз ҷумлаи озодаи равон

Ки марои сади рамақи сад Сикандар ме шуд

Гашт аз талхии айёми гуворои соиб

Варна ширинии ҷони зуд мукаррар ме шуд