Нақди равшани гуҳарон дар гиреҳ ғам бошад

Сури ин тайифа дар ҳалқа мотам бошад

Талхии айш буд лозими арбоби сафо

Каъбаро оби зи шӯроба замзам бошад

Кӣ ба фирдавс диҳад чеҳраи гандуми гаванро ?

Ҳарки дар силсилаи нисбат одам бошад

Нестанд аҳли таҷарруди писари модари хеш

Исо он нест ки дилбаста Марям бошад

Хӯн мо чист ки ишқи ту буд ташна ӯ ?

Чашми хуршед чаро дар пай шабнам бошад ?

Хоби он чашми рабояндатар аз бедорӣ аст

Пушти шамшер батон тезтар аз дам бошад

Ҳаркиро майнигарӣ маркази паргор ғам аст

Кист дар доираи чарх мусаллам бошад ?

Ҳунараши ҷавҳари шамшер забонҳо гардад

Ҳарки чун теғи дарин маърака абкм бошад

Ваъдаи ғунчаи даҳонони гиреҳӣ бар бодаст

Гиреҳӣ нест дарин ришта ки муҳкам бошад

Соиби онон ки зи инсофи мؤдб шуда анд

Хасми худро напасанданд ки мулзам бошад