Нақди ҷонро лаби хомӯш нигаҳбон бошад
Рахнаи мамлакати дили лаб хандон бошад
Ҷилваи субҳи қиёмати кафи дарёӣ ман аст
Кист маҷнӯн ки марои силсила ҷунбон бошад
Синае софтар аз чеҳра Юсуф дорам
Нақши умеди ман аз силӣ ихвон бошад
Равзани олам ғайбаст дили аҳли ҷунун
Ман ва он шаҳр ки девона фаровон бошад
Дами обӣ ки дар ӯ талхӣ миннат набӯд
Ҷигари сӯхтаро чашма ҳайвон бошад
Шукр , абрӣаст ки борони карам май орад
Барқи офати самари шиква деҳқон бошад
Чун набошад дил хурсанд ки эксир Ганаст
Зин чаҳ ҳосил ки зрўи сим фаровон бошад ?
Аҳли дилро ба бадӣ ёд макун баъд аз марг
Хобу бедории ин тайифа яксон бошад
намекунад ҷилваи хуршеди қиёмати доғаш
Рози ишқи ту дар он сина ки пинҳон бошад
Донаеро ки дили мӯрӣ азон шод шавад
Хӯшае рӯзи ҷазои тоҷ сулаймон бошад
Аз сар хон сулаймон гузарад дасти афшон
Ҳаркиро мурғи кабоб аз дил бирён бошад
Ҷигар гарм набахшанд ба ҳар сангдилӣ
Ин на лаълӣаст ки дар кӯҳ Бадахшон бошад
Нола ноӣ буд доруии беҳӯшии ман
Шерро хоби фароғат ба Нитсаатон бошад
Ҷазба ишқ напечад ба млоики соиб
Ин камандӣаст ки дар гардан инсон бошад